ШУКУҲИ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
24-уми марти соли 2026 чорабинии ҷашни “Наврӯз”-и байналмилалӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки дар он намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Генерал лейтинант Мансурҷон Умаров ва Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Суди ноҳияи Фархор, Аскарзода Олуфтабону, Раиси ноҳияи Фархор, муовинони раис, раисон ва дигарон фаъолона ширкат намуданд.





Таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Фархор бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Мардуми сарбаланди ноҳия бо оростани хони идона, намоиши ҳунарҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ ин ҷашни бостониро бо рӯҳияи баланд истиқбол намуданд.Наврӯз дар Фархор бозгӯи анъанаҳои неки ниёгон, дӯстиву ҳамбастаги ва оғози фасли зебои баҳор гардид.
Суди ноҳияи Фархор 