САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ НОРАК
24 апрели соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сафари корӣ аз шаҳри Норак оғоз гардида, дар доираи он Роҳбари давлат бо вазъи зиндагии аҳолӣ шинос шуда, як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад зимни ифтитоҳи иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатии шаҳри Норак иштирок намуданд.
Суди ноҳияи Фархор 



