БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Он низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Ба Қонуни асосии кишвар се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси тағйиру иловаҳои соли 1999 воридгашта аввалин маротиба дар мамлакат парламенти касбии дупалатаӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд. Такмили Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузошта шаванд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

Ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯёни донишкада  қарор гирад ва мо насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд.

 

Сафарализода Бобоҷон Сафарали
пристави судии суди ноҳияи Фархор