НАВРӮЗ МУБОРАК

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро, ки таҷассумгари фарҳанги волои тоҷикон, инъикосгари ҷаҳони маънавии мардуми ориёӣ ва шоҳсутуни ҳувияти миллии мо мебошад, бароятон бо камоли фараҳмандию хушнудӣ табрик мегӯем.

Наврӯзи бостонӣ, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, дар дарозои таърих арзишҳои эстетикӣ, ахлоқӣ, башардӯстӣ ва таҳаммулгароиро дар худ муҷассам намуда, ойинадори фарҳанги неки ниёгонамон ба шумор меравад. Бо назардошти расму ойинҳои ин ҷашни қадимӣ, Пешвои миллатамон фармудаанд, ки “… Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои милли мо-тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамбастагӣ, созандагиву ҳамкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад”.

Наврӯз ангезаи зебошинохтӣ дорад, зеро дар ин фасл дар замири мардум ба таври табиӣ майли зебо дидану зебо шунидан ва зебо пӯшидан бедор мегардад. Вақте ки дар ботини инсон ин ҳама майлҳои зебо ба таҳрик медароянд, шахс талош мекунад, ки рафтори зебо, гуфтори зебо ва кирдори зебо дошта бошад.

Наврӯз рамзи таҷаддуд, яъне рамзи ҷовидона нав шудан аст. Наврӯз башорати бахти тоза, иқболи тоза, бунёдкориҳои тоза, созандагиҳо ва шукуфоиҳои тоза мебошад. Бовар дорем, ки Тоҷикистони азизи мо зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва файзи тозаи Наврӯзи оламафрӯз ба пешрафту комёбиҳои нав ба нав мушарраф мегардад.
Ифтихорманд аз онем, ки имрӯзҳо бо шарофати ҷаҳду талоши кишвари Тоҷикистон ҷашни милии мо ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар саросари олам вожаи нобу сирф тоҷикии “Наврӯз” баланд садо медиҳад. Мо низ дар ҳамовозӣ бо мардуми олам ба Шумо “Наврӯз муборак” мегӯем ва бароятон бахту саодату хушрӯзиҳоро таманно дорем.

Раиси суди ноҳияи Фархор

Раҳмонзода Хоҷамурод Раҳмон