ОРОСТАНИ ХОНИ НАВРӮЗӢ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21-уми марти соли 2026 дар Суди Олӣ ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо оростани хони Наврӯзӣаз ҷониби Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, И. Сомонӣ, инчунин шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Шаҳринав дар саҳни бинои асосии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.


Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи фарҳанги мардуми ориёӣ ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва бо оростани хони пуршукуҳи дорои суннатҳои неки ҷашни Наврӯз, истиқбол карда мешавад.
Суди ноҳияи Фархор 