ВОХУРИИ И.В. РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ ФАРХОР ВА СУДЯИ СУДИ НОҲИЯИ ФАРХОР БО ФАЪОЛОН ВА АҲОЛИИ ҲУДУДИ НОҲИЯ
Бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмондадиҳии меъёрҳои қонунгузории амалкунанда, рӯзи 17-уми феврали соли 2026 Иҷрокунандаи вазифаи раиси суди ноҳияи Фархор, Аскарзода Олуфтабону бо судяи суди ноҳияи фархор, Қосимзода Шаҳриёр Эмомалӣ ва муовини якуми раиси ноҳияи Фархор, Абдураҳмонзода Б. Вохӯриро бо фаъолони ноҳия ва аҳолии ҳудуди ноҳия анҷом доданд.






Зимни нишаст доир ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ» шарҳу тавзеҳ доданд.






Суди ноҳияи Фархор 