Рӯзи 23 ноябри соли 2023 дар бинои суди шаҳри Кӯлоб бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои суди вилояти Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид.
Дар омӯзиш аз ҷониби мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба сомонаҳо омӯзонида шуд.